ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО АҲЛИ ҶАМОАТЧИГӢ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

05.06.2024 18:06

 

Имрӯз дар робита ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 ва дастуру супоришҳои протоколии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эксремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардӣ, тақлиди фарҳанги бегона, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, одоби шаҳрнишинӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии Ватан, манъ кардани воридшавии наврасону ҷавонон ба марказҳои дилхушӣ, интернеткафеҳо ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллӣ аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ нақшаҳои муштарак омода ва ба тасвиб расонида шудааст, ки дар доираи он имрӯз бо аҳли зиёи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқот баргузор карда шуд.
Дар мулоқоти мазкур роҳбарияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳаҳои идеологӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.