МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМ-ФУРӮҒТ МАЪРИФАТ" ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
05.06.2024 17:59
05.06.2024с ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон ва дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 январи соли 2024, таҳти рақами АП-481, аз санаи 22 то 24 майи соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи № 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни мазкур баргузор гардид, ки дар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯён ва кормандони касбу кори гуногун иштирок намуданд
Бояд қайд намуд, ки дар озмуни имсола зиёда аз 600 нафар иштирокчӣ аз рӯи номинатсияҳои дар низомнома пешбинишуда миёни ҳам сабқат намуданд, ки аз ин шумора 132 нафарашон аз ҷониби ҳайати ҳакамони босалоҳият ғолиби даври ноҳиявӣ дониста шуда, ҳуқуқи дар даври шаҳрӣ иштирок намуданро пайдо намуданд.
Бо ин мақсад, имрӯз дар толори Муассисаи давлатии таълимии Литсейи № 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" доир гардид.
Нахуст, Шарифзода Наргис Достӣ муовини Раиси ноҳия баромад намуда, тамоми ғолибонро барои роҳхат ёфтанашон ба даври сеюми озмун табрик намуд.
Дар интиҳои озмун беҳтаринҳо бо Сипоснома, тӯҳфа ва маблағи пулии таъсисдодашудаи Раиси ноҳия қадрдонӣ гардида, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.