Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

01.06.2024 12:52

 

Ҳамасола санаи 1-июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ботантана дар саросари ҷаҳон қайд карда мешавад. Дар ин росто дар Ватани азизу соҳибистиқлоли мо кӯдакон ҳамчун ояндаи Тоҷикистони азиз ба ғамхорию парасторӣ ва таваҷҷӯҳи хосса фарогиранд.
Чуноне, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, тарбияи кўдакон ва фароҳам овардани тамоми имконоти моддию маънавӣ вазифаҳои асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайн мебошад.
Ин дастури Пешвои миллат ҳар яки моро водор мекунад, ки ба ҳаёту фаъолияти созандагони фаъоли ҷомеаи ояндаи кишвар мунтазам таваҷҷӯҳ зоҳир намоем. Кӯшиш ба харҷ диҳем, ки кўдакон солиму бардам ба воя расанд, соҳиби донишҳои амиқ бошанд, аз арзишҳои волои миллӣ ифтихор кунанд, дар қалби саршори меҳру муҳаббаташон эҳсоси ватандорию худшиносӣ ҷӯш занад.
Имрӯзҳо дар ҷаҳон бо қабули даҳҳо санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва монанди инҳо барои ҳифзи ҳаёт ва инкишофи кӯдакон заминаи устувор фароҳам оварда шудааст.
Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои давраи истиқлолияти давлатӣ Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии кишварамонро бо муқаррароти онҳо мутобиқ намудааст.
Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон аз рӯи нишондиҳандаҳои синну сол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯз 35 фоизи сокинони мамлакатамонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Онҳо таҳти ғамхории доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тақдими туҳфаҳо барои кӯдакони ятиму бепарастор, маъюб ва кўдакон аз оилаҳои ниёзманд ба роҳ монда мешаванд.
Сарвари давлат борҳо дар баромадҳояшон изҳор доштанд, ки «Ман ба кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюбон муроҷиат карда изҳор менамоям, ки Шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ дар танҳоиву бесоҳибӣ намегузорам». Шаҳодати воқеъияти ин суханони пурмеҳр ҳаёти озоду ободи имрӯзаи мост.
Қобили қайд аст, ки дар тули роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти азизамон шаҳри дилори Душанбе барои рушду инкишоф ва ба камол расидани кўдакон тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.
Бо дилу нияти нек Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба тамоми кўдакони Ватани азизу маҳбубамон табрику таҳният гуфта, орзуи онро дорам, ки офтоби Тоҷикистони азиз ҳамавақт шуълавар боқи бимонад.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак бошад ҳамватанони азиз!