МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
28.05.2024 15:07
24.05.2024 ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 январи соли 2024, таҳти рақами АП-480 "Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" аз санаи 17 то 19 майи соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53-и ноҳия даври ноҳиявии озмуни мазкур баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 400 нафар иштирокчӣ аз рӯи шаш номинатсия миёни ҳам малакаву маҳорати зеҳнии хешро нишон доданд, ки аз ин шумора 122 нафарашон аз ҷониби ҳайати ҳакамони босалоҳият беҳтаринҳо ғолиби даври ноҳиявӣ дониста шуда, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.
Бо ин мақсад, имрӯз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53-и ноҳия маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни мазкур баргузор гардид
Оғози чорабиниро нахуст муовини Раиси ноҳия Шарифзода Наргис Достӣ ҳусни оғоз бахшида, қайд доштанд, ки бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон аз ҷониби ҳайати ҳакамон ба маҳорату малакаи иштирокчиён баҳогузории одилона гузошта шуда, ғолибони даври ноҳиявии озмун муайян карда шуданд Ҳар нафаре, ки ғолиби даври ноҳиявии озмун гардидаанд ва соҳиби роҳхат ба даври шаҳрии озмун шуданд, боварии комил дорам, ки бо омодагии ҷиддӣ дар даври шаҳрии озмун ширкат намуда, обрӯ ва нуфузи ноҳияро баланд мебардоранд.
Дар анҷоми чорабинӣ, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ғолибони даври ноҳиявӣ дар вазъияти тантанавӣ бо Сипоснома ва маблағи пулӣ сарфароз гардонида шуда, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.