БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

23.05.2024 14:42

 
23.05.2024 ноҳияи Исмоили Сомонӣ
БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар “Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо иштирок Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб чорабании идона ташкил ва баргузор карда шуд.
Нахуст Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб баромад намуда, тамоми ҳозирин ва ҷавонони кишварро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрику муборакбод намуда, қайд намуданд, ки ҷавонони Тоҷикистон шарафу номуси ватандорӣ ва ормонҳои халқамонро ҳамеша шиори зиндагиву фаъолияти худ қарор дода, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварамон боз ҳам бештар заҳмат мекашанд ва барои рушди устувори Ватани азизамон минбаъд низ саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Дар фарҷоми чорабини ба хотири болидаруҳии ҳозирин бо иштироки ҳунармондон барнонаи фарҳангию фароғатӣ ташкил ва баргузор карда шуд.