ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ - ҚОДИРЗОДА РУСЛАН РАҶАБ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
23.05.2024 14:22
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамаи Шумо ва тамоми ҷавонони Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола санаи 23 май дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад табрик гуфта, саломативу сарбаландӣ, хушбахтиву иқболи нек ва амалӣ гардидани орзуҳоятонро орзумандам.
Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватани азизамон буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваҳдати миллӣ, яке аз дастовардҳои беназир барои миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, ки барои ноил шудан ба ин дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад.
Воқеан пешрафти имрӯзаи ҷамъият ҳарчӣ бештар ба илму маданият, ба қувваи бунёдкори эҷодӣ, ба ҷавонони ҷӯяндаву созанда эҳтиёҷ дорад.
Боиси хурсандист, ки ҳар як Паём ва мулоқотҳои пайвастаи Пешвои миллат бо ҷавонон собит месозанд, ки Пешвои муаззами миллат ба нерӯи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷавонон боварии комил доранд, ва ҳар як иқдому ташаббусҳои ҷолиби онҳо доимо қобили қабули роҳбарияти сиёсии мамлакат мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо ҷавонон бо маҳорату малакаҳои худ бо дониш ва дарки амиқи ватандорӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ аз ҷумла, соҳаи маънавиёт, сиёсат, иқтисодиёт ва фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш ва ғайра фаъолияти пурсамар доранд. Солҳои охир ҷавонони мо бо истифода аз фазои сиёсии ором ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, тариқи квотаҳои президентӣ ва грантҳо дар давлатҳои хориҷи кишвар таҳсили илм намуда истодаанд.
Ҷавонони мо баҳри ҳифзи марзу буми Ватани азизамон Тоҷикистон доимо омода буда, ҳимояи марзу буми ин ватанро қарзи шаҳрвандии худ медонанд.
Ҷавонони бонангу номус ва далеру ғаюри мо ҳамчун сипари боътимоди давлатдории миллиамон дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмин намудани суботу оромии ҷомеа қарзи ватандӯстонаи хешро адо менамоянд.
Бо қаноатмандӣ хотирнишон месозам, ки наслҳои ояндасози халқи тоҷик ойини ҷавонмардӣ ва ватандӯстиву ватандориро мояи ифтихори худ мешуморанд ва ҳар як ваҷаби хоки Тоҷикистони азизро муқаддас меҳисобанд.
Бори дигар таъкид менамоям, ки мо ҷавонон бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо яъне Истиқлолияти комил, сулҳу субот ва ба қадри ҳар зарра хоки муқаддаси Ватан бирасем ва Ватани азизамон Тоҷикистонро дӯст дорем, падидаҳои номатлубу нанговарро маҳкум кунему, баҳри ҳифзи ин макони биҳиштосо, фарҳангу тамаддун ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллиамон беш аз пеш талош намоем.
Итминони комил дорам, ки ҷавонони шарафманди диёри маҳбуб дар вуҷуди худ эҳсоси гарми ватандӯстиро парварида, чун пайравони асили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи саодати Тоҷикистони соҳибистиқлол хизматҳои арзанда менамоянд.
Бори дигар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бошад, ҷавонони хушиқболи Ватан.