БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ" ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
23.05.2024 07:11
22.05.2024 ноҳияи Исмоили Сомонӣ
БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ" ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Дар Литсейи рақами 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид.
Дар озмун 629 нафар довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ширкат варзида, маҳорату малакаи худро нишон медиҳанд.Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» даври ноҳиявии он дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Дар маросими кушодашавии даври дуюми ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Шуъбаи маориф, олимону донишмандон, ҳайати ҳакамони даври ноҳиявии озмун ва иштирокчиён-хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ширкат варзиданд. Гуфта шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳамасола доир карда шуда, озмун бо мақсади рушди тафаккуритехникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ доир мегардад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Имл-фурӯғи маърифат» аз рӯи ҳафт номинатсия: математика(арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астронимия, химия, биология(ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ ва ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир карда мешавад. Тавре, ки масъулин иттилоъ доданд, дар асоси низомнома озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз чор давр иборат буда, аз моҳи апрел то нимаи дуюми моҳи ноябр гузаронида мешавад.
Пас аз маросими кушодашавии даври дуюми ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ кор дар синфхонаҳо оғоз гардид. Довталабон-хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба номинтасияҳо ҷудо гардида, ҳакамон бо онҳо суолу ҷавоб намуданд.