Баргузории суҳбату вохуриҳои судманд бо фаъолони ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба баррасии муҳтавои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)»

03.05.2024 08:46

 
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷаласаи назди муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе-роҳбари гурӯҳ оид ба баррасии муҳтавои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» ташкил ва баргузор гардид.
Дар ҷаласа, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сардорон ва роҳбарони сохторҳои воҳидии мақомот, роҳбарияти КВД «Манзилхизматрасон»-и ноҳия ва воҳидҳои сохтории он ва аъзои гурӯҳи корӣ иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа муовини сардори Раёсати муқовимат бо корупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники адлия, Насрутдинзода Қиёмиддин Шовалӣ иштирок намуд.
Ҷаласаро муовини Раиси ноҳия-роҳбари гурӯҳ Мусозода Илҳом корбарӣ намуда, ҷиҳати амалисозии Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» мавриди баррасӣ қарор дод.
Инчунин намояндаи Агентӣ-Насрутдинзода Қиёмиддин оид ба амалисозии Методология ва пешгирии хавфҳои коррупсионӣ баромад ва музокира намуд.
Рафти ҷаласа аз ҷониби котиби гуруҳ-Фарҳод Раҳматуллоев протокол гардида, ба аъзои гурӯҳи корӣ ва намояндаи Агентӣ пешниҳод карда шуд.