МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНҲОИ ШАҲРИИ "ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ" ВА "ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ" ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

01.05.2024 14:24

 
01. 05. 2024 ноҳияи Исмоили Сомонӣ
МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНҲОИ ШАҲРИИ "ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ" ВА "ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ" ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Санаи 1 майи соли ҷорӣ бо дастгирии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои шаҳрии "Забон донӣ- ҷаҳон донӣ" ва "Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм" дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид.
Дар маросими ҷоизасупории озмунҳои мазкур намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи тадорукоти озмун, ғолибони озмун ва волидайни онҳо ширкат варзиданд.
Лозим ба ёдоварист, ки озмунҳои мазкур бо мақсади ҷалби оммавии хонандагон ба забономӯзӣ, ҷалби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт, муаррифӣ ва ҳавасмандгардонии истеъдодҳои нав дар ин самт равона карда шудаст.
Бо мақсади таъмини шаффофият, эътимод ва баҳогузорӣ ва дар сатҳи баланди зарурӣ баргузор намудани озмунҳои мазкур ҳайати ҳакамон аз ҳисоби омӯзгорон ва мутахассисони баландтаҷриба, кордон ва варзида ҷалб карда шуданд.
Дар ҷамъбасти озмунҳои "Забон донӣ-ҷаҳон донӣ" ва "Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм" аз ҷониби ҳайати Кумитаи тадорукот ғолибони ва волидайни онҳо бо Диплом, Сипоснома ва мукофотпулиҳо дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ гардиданд.