Баргузории даври ноҳиявии озмуни шаҳрии "Ҳамсароён"
25.04.2024 16:44
Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Ҳамсароён» доир карда шуд.
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе айни замон дар пойтахт даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Ҳамсароён» ҷараён дорад.
Дастаи эҷодкорони ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо баргузор намудани як барномаи ҷолиби фарҳангӣ дар даври ноҳиявии озмун ширкат намуданд. Дар он муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ сухан карда, баргузории озмуни шаҳрии «Ҳамсарониён»-ро, ки бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе доир карда мешавад, имконияти хуб баҳри муаррифии ҳунару маҳорати кӯдакону наврасон ва ҷавонон маънидод намуд.
Озмун бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад.
Ғолибони озмун бо диплому ҷоиза ва дигар туҳфаҳои кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ мегарданд.