Табрикоти Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб бахшида ба Рӯзи пойтахт

20.04.2024 14:46

 

Боиси хушнудӣ ва фараҳманди аст, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо як шукӯҳу шаҳомат ва бо баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию оммавӣ, варзишию солимгардонӣ ва симпозиюму конференсияҳо ҷашн гирифта мешавад.
Аз соли 1924 Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон шинохта шуда он рӯз ба рӯз тараққӣ карда, ба маркази нави иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангии тоҷикон мубадал гашт. Барои пешрафт ва тараққиёти пойтахт бунёди роҳҳои мошингард, роҳи оҳан, фурудгоҳу роҳҳои ҳавоӣ лозим буд.
Барҳақ Душанбе бузургшаҳрест, ки тоҷиконро чун миллати бузургу номдор, муаррифи намуда, маркази умеду армонҳост. Ҳангоме, ки дар хиёбону кӯчаҳо ва боғу гулгаштҳои ин шаҳри бузург қадам мезанем, беихтиёр аз зебогии муҳити атрофаш ҳаловат мебарем.
Миллати тамаддунсози мо дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ фарҳанги ғаниву рангини маънавию моддӣ, афкори камназири фалсафӣ, адабиёти оламшумул, санъати нодири шаҳрсозӣ ва ҳунармандиву меъмориро ба вуҷуд оварда, ба ганҷинаи тамаддуни башар саҳми басо ва арзишманд гузошта аст.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Мо аз таърихи пурифтихори халқамон хуб медонем, ки амалҳои созандаву бунёдкорона ва эҷодкориву офарандагӣ фазилати муҳимтарину хосаи миллати тоҷик буда, ҳунару санъати шаҳрсозиву шаҳрдории тоҷикон аз умқи асрҳо сарчашма мегирад. Дар ин росто, шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати тоҷикон ҳамчун мавзеи куҳанбунёд ва дар айни замон ҷавон дар радифи шаҳрҳои бостониамон дар ҳаёти мардумамон нақши муассир гузоштааст».
Дар баробари ин, Душанбе ба сифати пойтахти мамлакат – ҳамчун маркази асосии сиёсиву фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар дониста шуда, он ҳамчун рамзи соҳибистиқлолии мамлакат муаррифгари расмии Ватани маҳбубамон дар муносибатҳои байналмилалӣ ва миқёси олам дар маҷмуъ эътироф гардидааст.
Дар воқеъ Душанбе – ҳамчун пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол бо азму талошҳои пайвастаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои созандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ба хусус Раиси муҳтарами шаҳрамон Рустами Эмомалӣ рӯз аз рӯз симои муосиру замонавӣ ба худ касб карда, дар он бинову иншооти маишиву идорӣ ва истиқоматии баландошёнаи дорои намои меъмории милливу аврупоӣ қомат афрохта, роҳу пулҳо, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, боғу гулгашт, майдончаҳои варзишӣ, китобхонаву кинотеатр, театр, даҳҳо муассисаҳои дигари фарҳангиву фароғатӣ ва муассисаҳои маорифу тандурустӣ онро барои зиндагиву кор ҳамчун шаҳри дорои инфрасохтори зарурии шаҳрдориву шаҳрнишинӣ муаррифӣ намудаанд.
Дар ин росто ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамчун яке аз воҳидҳои марзию маъмурии марказии шаҳри Душанбе ба шумор рафта, маҳз дар ҳудуди он биноҳои маъмурии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ҷой гирифтаанд, ки ин дар баробари ифтихор аз ҳар яки мову Шумо сокинони ноҳия масъулияти дучанди шаҳрнишиниро талаб менамояд.
Сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар воқеъ ганҷинаи бебаҳои сокинони шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маҷмӯъ такшил медиҳанд, ки ин боиси ифтихори мо мебошад.
Дар таърихи ҳар халқу миллат пойтахт дар самти рушду такомули давлатдорӣ, пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии он нақши калидӣ мебозад. Дар ин раванд, шаҳри Душанбе ҳамчун маркази давлати соҳибистиқлоли тоҷикон рисолати хешро дар бобати рушди самтҳои мухталифи ҳаёти мамлакат муваффақона иҷро мекунад.
Пойтахти мамлакати мо шаҳри Душанбе – ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 пазируфта шуда, ба ин муносибат чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор карда шуд, ки аксарияти онҳо дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардида, ташрифи меҳмонон ва сайёҳони зиёдро дарбар гирифт, аз ин рў аз ҳар як сокини ноҳия масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи он тақозо карда мешавад. Илова бар ин, моро зарур аст, ки чунин фазоеро фароҳам оварем, ки ҳар як меҳмон имконияти ошноии ҳамаҷониба пайдо кардан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии мардуми куҳанбунёдамонро дошта бошад ва муҳаббату меҳмоннавозӣ, муносибати дӯстона ва хайрхоҳонаи моро эҳсос намояд. Дар ин раванд, ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки пойтахт симо ва оинаи давлату миллат мебошад ва барои покизаву пурҷило нигоҳ доштан ва ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ кардани он ҳамаи сохтору мақомоти шаҳрдорӣ ва ҳар як сокини пойтахт масъулият доранд.
Бо таҷлили ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ – Ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мову Шуморо зарур аст, ки ба ин ҷашни муқаддаси миллӣ бо обод ва сарсабз нигоҳ доштани ҳар як гўшаи пойтахти азизамон омодагӣ дида, дар таҷлили сазовори он бо муаррифии шоистаи шаҳри Душанбе ташаббускору навовар бошем.
Дар охир Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанберо барои ҳар яки Шумо ҳамшаҳриёни азиз табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як сокини пойтахти зебоямон фазои орому осуда, баракати зиндагӣ ва барору комёбӣ орзумандам.
Рӯзи пойтахт муборак, ҳамшаҳриёни азиз!