БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД МИЁНИ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
16.04.2024 17:58
16.04.2024 ноҳияи Исмоили Сомонӣ
БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД МИЁНИ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Имрӯз бо мақсади тарғибу ташвиқи корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба дастуру супоришоҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин санаи 9 марти соли ҷорӣ баён доштанд, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, бо иштироки Сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - генерал майори милитсия Саидзода Шоҳрух, Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе – генерал майори милитсия Хамидзода Бароталӣ ва Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Қодирзода Руслан Раҷаб миёни фаъолони ноҳия суҳбату вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин изҳор доштанд, ки тақвияти вазъи корҳои маърифатӣ, сиёсиву идеологӣ дар ҷомеа яке аз масъалаҳои калидӣ маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини сулҳу суботи мамлакат ва рушди давлатдории миллӣ ниҳоят бузург аст. Инчунин масъулин доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешбурди корҳои маърифатӣ ва сиёсию идеологӣ дар ҷомеа ибрози назар карда, афзуданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ корҳои маърифатӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон бо назардошти авзои минтақа ва ҷаҳон тақвият меёбанд.
Иштирокдорони мулоқот доир ба нақш ва ҷойгоҳи корҳои маърифатӣ (сиёсиву идеологӣ) дар низоми муосири давлатдорӣ миёни ҷавонон, аҳамияти корҳои маърифатӣ дар муҳити атроф ва фазои динии кишвар, инчунин нақши ВАО-и электронӣ, чопӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар низоми корҳои маърифатӣ (сиёсию идеологӣ) сухан карданд. Зикр шуд, ки дар ҳар давру замон ҷомеа бо тақвияти корҳои маърифатӣ ва сиёсию идеологӣ рушд ва ташаккул меёбад.
Дар ин росто, бо дарназардошти равандҳои сиёсию иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон, ба майдон омадани ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, тарғиби фарҳанги ғарбӣ тавассути филмҳо ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ дар шароити кунунӣ зарур аст, ки маърифат ва сатҳи сиёсию идеологии ҷомеа тақвият ёфта, назорат дар ин самт ҷоннок карда шавад.