Паёми табрикотии Раиси ноияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб ба муносибати Иди саиди Фитр.

09.04.2024 15:12

 

Фарорасии Иди саиди Фитрро ба тамоми сокинони шарафманди ноҳия самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳамагон тандурустӣ, хонаободӣ, рӯзгори босаодат, бахту иқболи баланд ва ба кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу осоиши ҷовидонӣ орзу менамоям.
Боиси ифтихору сарбаландист, ки мардуми ноҳия дар моҳи мубораки Рамазон дар баробари анҷом додани фаризаҳои динӣ фаъолиятро дар самти рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва созандагию бунёдкорӣ корҳои назаррасеро ба анҷом расонида, суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, аз ҷумла амалҳои хайру савобро боз ҳам вусъат бахшиданд.
Дар ин рӯз мардуми мо аъмоли шоистаи инсонӣ, аз ҷумла кӯмаку дастгирӣ ба ятимону маъюбон, ниёзмандону камбизоатҳо, аёдати падару модарон ва калонсолонро анҷом медиҳанд ва дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мефиристанд.
Тибқи таълимоти дини мубини ислом Худованд ин рӯзро барои ҳамаи мусулмонон ҳамчун рӯзи қабули дуои нек дар ҳаққи ҳамдигар, оромиву ободии Ватан ва анҷом додани корҳои хайру савоб муқаррар кардааст. Яъне ҳикмати иди саиди Фитр ва дар маҷмӯъ, моҳи Рамазон ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди аҳли ҷомеа ва густариши арзишҳои неку созандаи ахлоқиву маънавӣ, аз ҷумла эҳтирому самимият ва ҳамгироиву таҳаммулгароӣ дар миёни одамон мебошад.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки ислом дини адолату инсоф буда, ҳама гуна кирдорҳои зишт, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум намуда, бархилофи зуҳуроти манфии таҳдиду хатарҳои муосир инсонро ба сулҳу осоиш, касби ризқи ҳалол, ахлоқи ҳамида ва маънавияти созанда раҳнамоӣ мекунад.
Мову шумо масъулу вазифадорем, ки бо талоши ватандӯстонаву заҳмати созандаи худ мунтазам беҳтар гардидани некуаҳволии ҳар як оилаи ноњияро таъмин намоем, сарзамини аҷдодӣ – Тоҷикистони биҳиштосоямонро обод кунем, давлати соҳибихтиёрамонро неруманду пешрафта гардонем ва нуфузу обрўи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Бовар дорам, ки ҳар як фарди огоҳу савобҷӯй дар ин рӯзи муборак фармудаҳои ислом ва анъанаҳои мактаби одамияти гузаштагони бузургамонро идома бахшида, барои анҷом додани амалҳои нек ва дар навбати аввал, дароз кардани дасти кумак ба ятимону маъюбон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва дигар корҳои хайру савоб кӯшиш менамояд.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамватанони азиз!