Баргузории чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

23.03.2024 16:32

 
23. 03. 2024 ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Баргузории чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз
Боиси ифтихор ва шодмонии бузург аст, ки ҷашни қадимаю суннатии мардуми тоҷик — Наврӯз чанд сол инҷониб дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин ҷашни бузург аз айёми эҳёи табиат мужда расонида, ба ҳар як хонадон нишоту хуррамӣ ва рафоҳату саодат эҳдо менамояд. Ба хотири таҷлили пуршукуҳи ҷашни хуҷастаи Наврӯзи оламафрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маҳфили зебои наврӯзӣ ороста шуда буд.
Дар оғоз намояндагон аз намоиши дастовардҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ҳунарҳои зебо боздид намуданд. Пас аз намоиш қисмати расмии чорабинии идона дар амфитеатри Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ оғоз шуд. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша аз номи Ҳукумати маалкат тамоми сокинону меҳмонони ноҳияро ба муносибати ҷашни Наврӯз шодбош намуд. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба сокинони сарбаланди ноҳияи Исмоили Сомонӣ расонид.
Зимни суханронии табрикотии хеш Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб изҳор дошт, ки аҷдододони соҳибфарҳанги мо дар таърихи беш аз панҷҳазорсолаи Наврӯз онро ҳамчун суннати муқаддасу муборак аз насл ба насл мерос гузошта, бо ҳама рангорангиву рӯҳи зиндагисозаш гиромӣ доштаанд ва барои пойдории он талош варзидаанд. Зеро, Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд. Дар партави сиёсати созандаву бунёдкорона ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гаштани Наврӯзи Душанбе воқеан ҳам пойтахти Ватанамонро ба меҳвари чорабиниҳои бузурги фарҳангию сайёҳӣ табдил дода, меҳмонон ва сайёҳони зиёдро ба шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои мамлакат ҷалб намуд. Аз ҷумла, баргузор гаштани корвони шодиёнаи наврузӣ дар ноҳияҳои пойтахт шукуҳу шаҳомати иди Наврӯзи байналмилалиро дар меҳани тоҷикон боз ҳам баландтар намуд, иброз гашт дар идомаи суханронӣ.
Дар идома барномаи фарҳангии омоданамудаи аҳли ҳунару санъат пешниҳоди иштирокчиёни чорабинии тантанавии идонаи наврӯзӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ гардонида шуд.