БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ХХ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАЪВАТИ ШАШУМ
13.03.2024 11:28
БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ХХ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАЪВАТИ ШАШУМ
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо роҳбарии Раиси маҷлиси валикони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб иҷлосияи ХХ Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия вакилони маҷлиси халқи ноҳия, муовини якум, муовинон, роҳбария дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳо ва дигар фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Нахуст ҳисоботи муовини якуми Раиси ноҳия Юсуфзода Б. С., дар бораи “Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳури Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” шунида шуд.
Сипас муовини Раиси ноҳия Абдуллозода В. Ғ., оид ба рафти иҷрои қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 9 октябри соли 2023, №217 “Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2023 ва баҳори соли 2024” ҳисобот доданд.
Ҳамчунин дар кори иҷлосия ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Қодирзода Ф., оиди фаъолияти Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ “Оид ба масъалаҳои буҷет, савдо ва нарх, хизмати маишӣ, меҳнат, ва сиёсати иҷтимоӣ” дар соли 2023 шунида шуд.