ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ ҚОДИРЗОДА РУСЛАН РАҶАБ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР
07.03.2024 10:35
Модарону хоҳарони азиз!
Бонувони муҳтарам!
Дар ин айёми зебои фасли сол, оғози баҳори Аҷам, ки чун модар xонбахшу зиндагиофарин аст, мо иди фараҳбахши Рӯзи модаронро бо шодию нишоти хоса таҷлил менамоем. Ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди Шумо – модарони азиз, дар ҷомеа мебошад.
Бо камоли эҳтирому самимияти бепоён тамоми модарон, занону духтарони сарзамини хуршедӣ ва ҳар яки Шуморо ба муносибати Рӯзи модар самимона табрику таҳният намуда, ба Шумо рӯзгори хушу хонаободӣ ва барори кору баракати зиндагӣ таманно менамоям.
Фараҳбахш аст, ки тозатарин орзу ва таманиёте, ки инсонҳо дар замирашон мепарваранд, ин арзи эҳтиром ба шахсияти зан – модар аст. Гузашта аз ин модар вуҷуди муқаддас аст ва зиндагӣ аз Ӯ ибтидо мегирад.
Дар дунё бисёр муқаддасоте мавҷуданд, ки бебаҳоянд. Яке аз ин муқаддасот ин модар аст, ки хизматҳои вайро бо ягон ченак андоза кардан ғайриимкон аст.
Бузургон фармудаанд, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба қадри як зан, як модар инсонро ба фазлу муҳаббат ҳидоят карда наметавонад ва маҳз матонату бузургии зан-модар дар он аст, ки рисолати волою муқаддаси ба дунё овардани инсонро бар дӯш дорад.
Дар раванди сифатан нави таърихиву сиёсии Тоҷикистон занон мақому манзалати худро шинохта, бо фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои тоза фазои ҷомеаи моро ҳусни хоса мебахшанд.
Модар, дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад.
Мехоҳам бо ифтихор изҳор намоям, ки модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд. Онҳо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд. Нақши занону модарон дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода бисёр муҳим мебошад.
Миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд доир ба одоби оиладорӣ, муносибатҳои хонаводагӣ ва таълиму тарбияи фарзанд суннату меъёрҳое эҷод кардааст, ки онҳо маҳз тавассути занону модарони арҷманди мо барои наслҳои имрӯзу фардо низ чун мактаби беҳтарини зиндагӣ хизмат мекунанд.
Ба ин маънӣ, занону модарони мо нигоҳдорандаву давомдиҳандаи беҳтарин анъанаҳо ва оинҳои асилу деринаи халқамон, хусусан, дар тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони баодобу соҳибмаърифат ва ватандӯсту далер мебошанд. Дар робита ба ин, имрӯз ба симои дилорои ноҳияи азизамон назар андохта, аз он мефахрем, ки дар ин ободию созандагиҳо саҳми занону духтарони саодатманди ноҳия хеле калон мебошад.
Имрӯз дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия занону духтарон аҳлона меҳнат намуда, аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманду фаъол вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия кору фаъолият намуда истодаанд. Ғайр аз ин, дар ноҳия 41 нафар занони болаёқат дар вазифаҳои роҳбарикунанда, содиқонаву софдилона хизмат намуда истодаанд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки дар тамоми соҳаҳое, ки занону духтарон роҳбарӣ менамоянд, кор бо ривоқу равнақи тоза пеш меравад.
Имрӯз мо бо ёде аз даврони гузашта собиқадорони арсаи меҳнат, ки зиндагиномаи онҳо чун мактаби ҳаёт намунаи ибрат баҳри имрӯзиён мавриди истифода қарор доранд, эҳтиром мегузорем ва аз сокини ноҳия будани онҳо ифтихор менамоем.
Ин пешқадамони арсаи меҳнат бо кору фаъолияти самарабахши хеш, азизу сазовори ҳурмату эҳтироми мардум гардидаанд. Аз ин рӯ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба Шумо ва занону духтарони саодатманд барои меҳнати пуршарафу садоқатмандонаатон миннатдории самимӣ изҳор менамоям.
Шумо бонувони азизу арҷмандро, ки гулҳои зебои ин сарзамини ҳамешабаҳор ҳастед, бори дигар ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, саодати рӯзгор ва комёбиву барори кор таманно менамоям.
Бахт ёратон бод, модарону хоҳарони азиз!