Баргузории чорабинии идона бахшида ба “Рӯзи Модар”

05.03.2024 18:32

 
05.03.2024 ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Баргузории чорабинии идона бахшида ба “Рӯзи Модар”
Имрӯз дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 бо иштироки Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Модар- олиҳаи меҳр” баргузор гардид.
Нахуст Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб тамоми модарон ва бонувонро ба муносибати рӯзи идашон табрику муборакбод намуда, изҳор доштанд, ки миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд доир ба одоби оиладорӣ, муносибатҳои хонаводагӣ ва таълиму тарбияи фарзанд суннату меъёрҳое эҷод кардааст, ки онҳо маҳз тавассути занону модарони арҷманди мо барои наслҳои имрӯзу фардо низ чун мактаби беҳтарини зиндагӣ хизмат мекунанд.
Ҳамчунин ба хотири болидарӯҳии ҳозирин аз тарафи санъаткорони шинохта барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил карда шуд.