Дар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
22.02.2024 12:42
22.02.2024 ноҳияи Исмоили Сомонӣ
ИДОМАИ ТАНТАНАҲОИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз аз 9 феврали соли 2024, №61 “Дар бораи таҷлили ҷашни Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” ва дар доираи дастуру супоришҳои Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб, имрӯз бо иштироки муовини Раиси ноҳия Шарифзода Н.Д., муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила назди Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода У., мудирони шуъбаву бахшҳо ва дигар кормандони мақомот дар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинии тантанавиро муовини Раиси ноҳия Шарифзода Н.Д, оғоз намуда қайд намуд, ки хидмати Ватан қарзи муқаддаси ҳар як ҷавонмард аст. Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд.
Сипас муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила назди Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода У., баромад намуда қайд намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пиёдасозии сиёсати худ андешаи созандаи мардуми тоҷик ва хиради волои ниёгонамонро асоси фаъолияти Ҳукумати мамлакат қарор дода, дар кӯтоҳтарин фурсат давлату иқболи беназиреро барои мо тоҷикон насиб гардониданд, ки дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳои олии давлатдорӣ саҳми сарбозону афсарон ва дигар ниҳодҳои қудратӣ низ хеле назаррас аст
Дар фарҷоми мулоқот роҳбарияти қисми ҳарбӣ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.