ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ МУҲТАРАМ ҚОДИРЗОДА РУСЛАН РАҶАБ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ 31 СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
22.02.2024 08:41
Муҳтарам афсарону аскарон, ҳомиёни кишвари азиз!
Ҳамасола рӯзи 23 - юми феврал санаи таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рӯзи соҳибдавлатӣ самимона таҷлил карда мешавад.
Ба ин хотир, ҳамаи Шумо, афсарону сарбозонро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо дар ҷодаи ҳимояи амнияту осоиштагии давлати соҳибистиқлоламон сиҳатмандиву хушбахтӣ ва сарбаландиву барори кор орзу менамоям.
Имрӯз аз санаи таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол сипари гашта, гарчанде имрӯзҳо дар Ватани азизу маҳбубамон - Тоҷикистон сулҳу суботу осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ, эҳтироми шаъну шарафи инсон ҳукмрон мебошад, ҷузъу томҳои он дар ин марҳалаи таърихӣ баҳри ҳимояи марзу буми кишвар, таъмини амнияти сиёсӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон хидмат намуда истодаанд.
Дар ин робита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, низ дар Паёми навбатии худ, ки санаи 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардида буд, қайд намуданд, ки: “Қариб даҳ соли истиқлолият тамоми нерӯ ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ равона гардид.”
Дар партави ин гуфтаҳо бо эҳсоси ватандӯстиву ободкорӣ, фаъолияти созандаву пурсамари роҳбарияти кишвар, халқу миллат Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриамон боз ҳам тавоно хоҳад гардид.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар қарзи инсондустии ҳар як шаҳрванд маҳсуб ёфта, бо дарки ин нуқта нисбат ба солҳои пешин азму талоши ҷавонони ноҳия зиёд гардида, сафи ихтиёрон ба хизмати ҳарбӣ бештар мегардад.
Вобаста ба ин, мавриди зикри хос аст, ки имрўз зиёда аз 867 нафар ҷавонони ноҳияи мо дар сафи Артиши миллӣ хизмати Ватан Модарро адо намуда истодаанд.
Новобаста аз он, ки шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сол то сол беҳтар гашта истодааст, бо мақсади дастгирии рӯҳиву равонии наваскарон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мунтазам аз шароити буду боши наваскарон хабардор мегарданд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, ки «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст». Мо ин вазифаи худро бояд бо ҳисси ифтихор ва масъулияти баланд иҷро намоем.
Дар партави ин гуфтаҳо, ҳамдиёрони азиз, якояки Шумо сарбозону афсаронро бо 31-умин солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон тамоми хушиҳои рузгорро таманно менамоям.
ИДАТОН МУБОРАК, ҲОМИЁНИ ШУҶОИ ВАТАН.