ИДОМАИ ТАНТАНАҲОИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ
22.02.2024 08:38
21.02.2024 ноҳияи Исмоили Сомонӣ
ИДОМАИ ТАНТАНАҲОИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз аз 9 феврали соли 2024, №61 “Дар бораи таҷлили ҷашни Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” имрӯз бо иштироки Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб, муовинони Раиси ноҳия Мусозода И.Х., Шарифзода Н.Д., мудирони шуъбаву бахшҳо ва дигар кормандони мақомот дар Қисми ҳарбии 6539-и Сарраёсати ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб баромад намуда, қайд намуданд, ки имрўзҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолиамонро сарбаландона ҳимоя намуда, рисолати касбии худро ба ҷо меорад ва дар таъмини зиндагии орому осуда, сулҳу ваҳдати комил, амнияти миллӣ, якпорчагӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлоламон саҳми таърихӣ ва беназир дорад. Онҳо ҳамеша ба ҳифзи Ватан - Модар ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омода буда, Ватанро ҳамчун модари худ дӯст медоранд ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт менамоянд.
Дар фарҷоми баромади худ Раиси ноҳия афсарону сарбозони қисми низомии мазкурро бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, зикр намуданд, ки “Боварии комил дорам, ки тањти роҳбарии хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузошта, хидмати шоиста хоҳед кард.”
Дар фарҷоми мулоқот роҳбарияти қисми ҳарбӣ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин, бо мақсади болидаруҳии сарбозону афсарон мусобиқаҳои варзишии шоҳмоту шашка, дастхобонӣ ва вазнкашӣ доир карда шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.