Тантанаҳои идона ба пешвози Рӯзи Артиши миллӣ
20.02.2024 16:15
20.02.2024 ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Тантанаҳои идона ба пешвози Рӯзи Артиши миллӣ
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 феврали соли 2024, №61 “Дар бораи таҷлили ҷашни Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе”, инчунин дар доираи дастуру супоришҳои Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб санаи 20 феврал бо иштироки муовинони Раиси ноҳия Мусозода И.Х. ва Шарифзода Н.Д., мудирони шуъбаву бахшҳо ва дигар кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва як гуруҳ модарон дар қисми ҳарби 02615 “г” – и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба "Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ” чорабинии идона доир гашт.
Дар ин рӯз кормандони мақомот ва модарон ба аёдати сарбозон бо дастовези идона нону шириниҳо ташриф оварда, бо вазъи хизмат дар сафи Артиши миллӣ аз наздик ошноӣ пайдо карданд.
Нахуст муовини Раиси ноҳия Мусозода Илҳом Хол ба муҳайё гардидани шароити мусоиди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, афсаронро ба рӯзи Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо барои содиқона хизмат намудан ба Ватани худ таманниёти нек намуданд.
Дар давоми мулоқот бо сарфармондеҳи қисми низомӣ, муовинони Раиси ноҳия аз вазъи кунунии кисми низоми шиносои пайдо намуданд.
Дар интиҳо дар фазои суруду таронаҳои аҳли санъат, модарон ва сарбозону афсарон шодиву нишоти идона намуданд.