БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ.
15.02.2024 11:56
15.02.2024 ноҳияи Исмоили Сомонӣ
БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ.
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2023 нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.
Дар оғоз Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб барои ҳамкории мутақобилан судманд бо мақомот, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифиву инъикоси дастовардҳои иҷтимоию иқдисодӣ дар соли 2023 ба кулли рӯзноманигорон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб доир ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2023 дар назди намояндагони васоити ахбори омма ба таври рунамо маълумот доданд.
Дар интиҳо Раиси ноҳия бо додани супоришҳои қатъӣ ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта ва таманниёти нек ба кулли иштирокчиён, ба нишасти матбуотии ноҳия ҳусни анҷом бахшиданд.