Натиҷагирӣ дар самти даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ

14.02.2024 09:10

 
13.02.2024 с. ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Натиҷагирӣ дар самти даъвати ҷавонон
ба хизмати ҳарбӣ
Санаи 13 феврали соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ҷаласаи гурӯҳи кории Комиссияи шаҳрӣ бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти комиссияи ноҳиявии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳӣ ва омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 баргузор гардид, ки дар кори ҷаласа роҳбарияти ноҳия, раисони маҳаллаҳо ва минтақаҳои ҳудуди ноҳия, Комиссари ноҳия ва зертобеъони он, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеа ва панҷвақта даъват гардиданд.
Кори ҷаласаро Раиси комиссияи ноҳиявии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ Мусозода Илҳом Хол оғоз намуда, нахуст меҳмононро ба аҳли толор муаррифӣ намуданд. Сипас аз ҷониби Раиси комиссияи ноҳиявии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ Мусозода Илҳом Хол ҳисоботи кори комиссия дар бораи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ хонда шуда қайд гардид, ки ноҳияи Исмоили Сомонӣ яке аз аввалин ноҳияҳо дар миқёси ҷумҳурӣ аст, ки нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавононро пеш аз муҳлат ба итмом расонид.
Ҳамчунин муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ баромад намуда, тибқи тартиби муқарраргардида оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти иҷрои нақшаи чорабиниҳои даъвати муташаккилонаи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ки бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, онҳоро вазифадор намуданд, ки тибқи муҳлати муқарраргардида дар рӯзи якуми даъват на кам аз 30% даъватшавандагонро ба хизмати ҳарбӣ то саннаи 1 апрел омода намоянд.