Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб ба фарорасии Соли нави мелодии 2024
30.12.2023 10:38
Бо шарофати сиёсати хирадмандона, иқдомҳои некбинона ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад.
Соле, ки сипари мегардад барои сокинони ноҳия ва тамоми мардуми Тоҷикистони азизамон воқеан марҳилаи хуби пешравиҳо дар тамоми самт ба ҳисоб мерафт, соли 2023 дар хотираи мардуми кишварамон ҳамчун соли амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст.
Ҳамчунин соли нави 2024–ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созандаи Ҳукумати кишвар истиқбол мегирем.
Мо бояд дар соли нави мелодӣ ва солҳои минбаъда ба хотири таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ ҳарчи бештар заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободии сарзамини муқаддасамон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастаҷамъона саъю талош намоем.
Бигзор, Соли нави мелодии 2024 барои ҳар як хонадони мардуми тоҷик соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад!
Дар ин лаҳзаҳои идона тамоми мардуми нексиришту ватандӯсти ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Тоҷикистони азизамонро бо фарорасии соли нави 2024-ум, яъне соли идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ ва амалӣ гардидани орзуву ормонҳои халқи тоҷик самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони миллати тоҷик сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям.
Соли нави мелодӣ муборак бошад!