ҚАДРДОНИИ ҲАЙАТИ КОРМАНДОНЕ, КИ ДАР МАРҲИЛАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ҶАВОНОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСИТОН ДАР СОЛИ 2023 САҲМГУЗОРӢ НАМУДАНД

29.12.2023 08:26

 
28.12.2023 н. И. Сомонӣ

Нимаи дуюми имрӯз муовини якуми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Юсуфзода Бахтиёр бо ҳайати нафароне, ки аз санаи 1 то 25 октябри соли 2023 дар мавсими даъвати тарамоҳии шаҳрвандони синни 1996 – 2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳия саҳмгузорӣ намуданд, мулоқот доир намуд.
Ҳамзамон, муовини Раиси ноҳия, раиси комиссияи даъвати ноҳиявӣ, як қаттор кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Прокурори гҳарбии горнизони шаҳри Душанбе, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, раисони маҳаллаҳо, комиссариати ҳарбӣ, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, духтурон аз ҷониби муовини якуми Раиси ноҳия бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.