ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ “СОҲИБКОРИ БЕҲТАРИНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ” ДАР СОЛИ 2022

19.12.2023 12:20

 
19.12.2023 ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Имрӯз бо иштироки Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб даври ноҳиявии озмуни "СОҲИБКОРИ БЕҲТАРИНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ” дар соли 2022 ҷамъбаст гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки дар озмуни мазкур зиёда аз 60 нафар соҳибкорони ҳудуди ноҳия аз руйи 16 номинатсия иштирок намуданд, ки аз ин шумора 16 нафар ҷойҳои ифтихориро сазовор гардиданд. Озмунро шаъбаи иқтисод, савдо ва саноатӣ ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамкорӣ бо комиссияи озмуни болозикр ташкил ва баргузор намуд.
Соҳибкороне, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор гардиданд бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.