Паёми табрикоти Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

23.11.2023 13:50

 

Боиси хушнудӣ ва фараҳмандӣ аст, ки мову Шумо ва кулли мардуми шарифу саодатманди Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ дар фазои сулҳу суботи сартосарӣ, Ваҳдати миллӣ ва садоқат ба орзуву ормонҳои чандинасраи халқамон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоем.
Таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишони эҳтироми хоса ба анъанаҳои неки аҷдодони сарбаландамон ва таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд аст. Бигзор ин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон чун нишони ифтихори ҷовидонаи миллат ва муҳаббату садоқати сокинон ба Ватани соҳибихтиёру обод то абад парафшон бошад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намуданд, ки «Ҳар як фарди бонангу номус ва ватандусту ватанпарвари тоҷик аз Парчами миллии худ ифтихор намуда, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, озодиву истиқлоли Ватан ва ҳамчун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талқин менамояд».
Мақсад аз таҷлили Рӯзи Парчам, пеш аз ҳама, мусоидат дар таҳкими шуури сиёсиву ҳуқуқи ҷомеаи Тоҷикистон, бозшиносии он нишони рамзу нишони ҳастии давлат ва миллат дар миқёси кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Маълум аст, ки Парчам дар қатори Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суруди миллӣ ва Нишон аз рукнҳои аслии шинохт ва муаррифии давлат ба шумор меравад. Ҳар гуна давлат бе Парчам ҳастии худро муқаррар ва мушаххас карда наметавонад.
Аз ин рӯ, дар тамоми ҷаҳон барои нишон додани симои сиёсии давлат аз парафшонии Парчам истифода мегардад ва ин маънои онро дорад, ки Парчам муайянкунандаи мақом, симо ва ҳастии сиёсии давлат ба шумор меравад. Боиси сарфарозиву ифтихори мост, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар бинои Созмони Миллали Муттаҳид дар қатори Парчами дигар давлатҳои мутараққии дунё парафшон аст ва узвияти давлати моро ба ин созмони бонуфузи сиёсӣ тасдиқ менамояд. Қайд намудан ба маврид аст, ки сарнавишти Парчами муқаддаси мо бо сарнавишти Иҷлосияи тақдирсози миллат пайванди ногусастанӣ дорад. Аслан миёни аҷдодони тоҷикон мафҳуми Парчам ва парчамдорӣ яке аз суннатҳои қадимаи давлатдорӣ буда, таърихи хеле ғанӣ ва беш аз даҳҳазорсола дорад. Аввалин Парчамҳо дар Эронзамини бостонӣ, Чин ва Мисри қадим ба вуҷуд омадаанд. Парчам, Дирафш, Ливо ё Байрақ мафҳуми ягона буда, Дар «Шоҳнома»-и безаволи Абдулқосим Фирдавсӣ дар достони «Коваи оҳангар» қиссаи марғубе доири Парчам зикр ёфтааст.
Таърих гувоҳ аст, ки анъанаи парчамдорӣ аҷдоди мардуми форсу тоҷик буда, пеш аз ҳама ҳастии миллат ва давлатдориро муайян мекард. Тӯли таърих давлатҳои Ҳахоманишиҳо, Ашкониён, Сосониён ва Сомониён ҳар яке парчамдор буданд.
Дар ин хусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд «Вақте, ки мо имрӯз дар оғози асри ХХI ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёгонамон дар зери Парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хеш чи ҷонбозиҳо кардаанд».
Ҷойгоҳи Парчам дар фарҳанги миллии мо пеш аз ҳама ҳамин ҳадафи асосӣ мақоми Парчами миллиро дар сарнавишти тоҷикони дирузу имрӯз баррасӣ ва барои насли имрӯз нишон медиҳад. Ба хотири дар сатҳи зарурӣ ҷой додани муқаддасоти миллат Парчами миллӣ дар пойтахти кишвар, дар назди Қасри Миллат бо орзуву нияти неки барои асрҳо барҷо мондани давлати тоҷикон дар харитаи ҷаҳон баландтарин поя сохта, Парчами миллӣ дар он барафрохта шуд.
Баландии пояи Парчам 165 метр буда, дарозии худи Парчам 60 метр ва паҳноиаш 30 метр мебошад. Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони китоби рекордхои Гиннес иштирок намуда, Шаходатномаи рекорди нави ҷаҳониро супориданд. Дар ҷаҳон баландтарин пояи Парчамро бунёд кардан ҳам рамзи хоса дорад. Намояндагони миллати сарбаланди тоҷик имрӯз дар тамоми ақсои олам, аз ҷумла дар қитъаҳои Амрикову Африқо, Осиёи хурду Миёна ва кишварҳои Араб, Чину Ҷопон кору зиндагӣ доранд. Баландии поя ва Парчами миллат рамзи он аст, ки сояи Парчами миллат дар тамоми олам бар сари ҳар як сари тоҷику тоҷикистонӣ партавфишон бошад. Соҳиби яке аз баландтарин Парчамҳои ҷаҳонӣ гардиданамон худ нишони соҳибифтихории миллии мо дар арсаи фарҳанги ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад ва орзу мекунем, ки мақоми Тоҷикистони азиз бо роҳнамоиву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ин Парчами сарбаланд ҳамеша миёни кишварҳои дунё бонусрату шуҳратёр бимонад.
Бигузор Тоҷикистони азизи мо зери ливои парафшони Парчами миллии худ таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қуллаҳои баланди шукуфоиву тараққиёт расида, дар қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир ҷойгоҳи муносиби худро ишғол намояд.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз.