БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
23.11.2023 12:11
23.11.2023 ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки роҳбарият, кормандони сохторҳои қудратии ноҳиявӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дар толори мақомот маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони "Парчами Тоҷикистон - рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат" баргузор гардид.
Маҷлиси тантанавиро муовини якуми Раиси ноҳия Юсуфзода Бахтиёр пас аз ба толор ворид шудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни миллӣ табрику муборакбод намуданд. Баъдан Директори маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо баромад намуда, дар бораи моҳияти Парчами давлатӣ ва зарурати арҷгузорӣ ба он суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми кори маҷлиси тантанавии мазкур барномаи фарҳангӣ баргузор гардида, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ дар мавзӯи Ватан-модар ва Парчами давлатӣ шеърҳо қироат намуданд.