Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
16.11.2023 12:30
Шуруъ аз соли 2016 ҳамасола дар Тоҷикистони азиз 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад.
Баробари Истиқлолияти давлатӣ ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима бахшад. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 32 соли соҳибистиқлолӣ тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати миллӣ пойдор ва устувор нигоҳ дошта шуд.
Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил шудем.
Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.
Беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин Иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид.
Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Дар пеш вазифаҳои гуногунро гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон ворид шуд.
Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки давраи навини қонунгузории кишвар аз ин Иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардидааст ва дар маҷмуъ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст, р оҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд, тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуд, мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт.
Бо қаноатмандӣ метавон иброз намуд, ки интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ руҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми Президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод. Маҳз ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва ҳуқуқию сиёсии ниҳоди Президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳад.
Илова бар ин фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалӣ касб намудааст.
Ҳамин тавр, дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсияту хидматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсадо гашта, пайванди ногусастанӣ дорад.
Барои ояндаи миллат, далерию шуҷоат, дарки вазъияти пурхатари баамаломада, қабули қарорҳои таъҷилӣ барои ҳифзи тартиботу мудофиа, иҷтимоиёти аҳолӣ ӯро сазовори маҳбубияти халқи кишвар гардонида, билохира дар лаҳзаи тақдирсози Ватан дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардид ва бо ҳамин тақдирашро як умр ба тақдири халқу ватани хеш пайваст.
Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал ҳамчун Сарвари давлат таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ҳифзи сарҳадро ҳамчун вазифаҳои аввалини ҳукумати нав муайян кард.
Барои иҷрои ин мақсадҳо ӯ тадбирҳое андешид, ки дар таҷрибаи ягон давлати дунё дида нашуда буд.
Воқеан Эмомалӣ Раҳмон ба дили мардум бо кору пайкори созандааш, дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳиягари пояҳои ҳуқуқии миллат, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон байни мардум маълуму машҳур шуд.
Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста карданд.
Ҳамчун як шахсияти таърихӣ беш аз ҳазорсола саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳиб давлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид сохт, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст мухолифонро ба оғӯш кашид, ҷинояткоронро авф кард, гурезаҳоро ба Ватан баргардонид, ба миллат ваҳдат, субот, амният овард, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсони гузошт, пояи давлатдориро аз сифр, низоми молияро аз хазинаи холии бағоратрафта, лашкарро бо сарфармондеҳони кироя, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуд, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард.
Бигузор Тоҷикистони азизи мо зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қуллаҳои баланди шукуфоиву тараққиёт расида, дар қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир ҷойгоҳи муносиби худро ишгол намояд.
Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад ҳамватанони азиз.