Ноҳияи Исмоили Сомонӣ ғолиби озмуни "Ноҳияи аз ҷиҳати экологӣ тоза"
16.11.2023 12:24
Дар арафаи ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои саҳми босазо ва пурсамари мақомот дар равнақи корҳои ободонию созандагӣ, таъмини амнияти экологӣ, тозаю озода нигоҳ доштани шаҳраку маҳалҳо, ташвиқу тарғиби донишҳои экологӣ, тарбияи ҳисси ватандустӣ, зебоишиносӣ, риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ, ба ифтихори таҷлили сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғолибият дар озмуни “Ноҳияи аз ҷиҳати экологӣ тоза” бо “Дипломи дараҷаи 1” – и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.