Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Пешвои миллат – мояи ифтихор ва иттиҳоду сарҷамъии мо ҷавонон»
14.11.2023 18:35
14.11.2023 ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Имрӯз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар толори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Пешвои миллат – мояи ифтихор ва иттиҳоду сарҷамъии мо ҷавонон» ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар кори Конференсия роҳбариятҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои собиқадорони Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон, Раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, ташкилоту муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ходимони сиёсӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Конференсияро Қодирзода Руслан Раҷаб – Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ намуда, аҳли Раёсат ва иштирокчиёнро бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, дар корҳояшон бурдбориҳоро таманно намуданд.
Сипас Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қурбонова Руқия Атоевна - Раиси Шурои собиқадорони Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон вобаста ба хизматҳои шоён ва саҳми арзишманд гузоштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллату давлати Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Баъд аз суханронии роҳбарият муроҷиатномаи ҷавонони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҳмудзода Нусратулло – мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қироат карда шуд.
Дар охир баъд аз фарҷоми кори конференсия чорабинии фарҳангӣ фароғатӣ баргузор карда шуд.