Мулоқоти Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб бо роҳбарият, кормандон ва собиқадорони ШВКД дар ноҳия бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик

10.11.2023 18:53

 
10.11.2023 ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Имрӯз дар доираи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб бо роҳбарият, собиқадорон ва як қатор кормандони ШВКД дар ноҳия мулоқот доир намуданд.
Зимни мулоқот Раиси ноҳия иброз доштанд, ки мақомоти корҳои дохилӣ, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷомеа, таҳкими волоияти Қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, коллективҳои меҳнатӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ба ӯҳдаи онҳо вогузор шудааст, дар сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон яке аз мақомҳои аввалро доро мебошад.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти дигар сохторҳои қудратии ноҳия низ ширкат варзида, кормандони ШВКД дар ноҳияро ба рӯзи касбиашон табрику муборакбод намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи Раиси ноҳия ба роҳбарият, собиқадорон ва як қатор кормандони ШВКД дар ноҳия сипоснома ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.