ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ ҚОДИРЗОДА РУСЛАН РАҶАБ БАХШИДА БА РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК
10.11.2023 15:14
Бо арзи сипос ва таманниёти беандоза ҳамаи Шумо кормандони милитсия ва аҳли оилаатонро бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрику муборакбод менамоям ва дар ин рӯзи фархунда ба Шумо дар иҷрои вазифаҳои басо масъулиятноку пурифтихор комёбиҳои беназирро орзумандам.
Кормандони далеру шуҷои милитсияи тоҷик дар ин давра аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузашта, дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа аз худ садоқат, далерӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва инсондӯстӣ зоҳир намуда, бо баҳои ҷони худ якҷо бо родмардони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат манфиатҳои миллату давлат ва соҳибистиқлоливу соҳибватаниро бо фидокориву ҷоннисорӣ ҳимоя ва таъмин намуданд.
Имрӯзҳо низ кормандони милитсия анъанаи далериву мардонагӣ ва сарсупурдагиву садоқатмандии худро ба миллату Ватан идома дода, дар ошкор ва пешгирӣ намудани садҳо ҷиноятҳои вазнини хусусияти фаромиллидошта, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва силоҳ, савдои одамон, ҳамчунин безарар гардонидани даҳҳо аъзоёни фаъоли гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷиноятпеша саҳми босазо гузошта истодаанд.
Милитсияи тоҷик тавонист, ки якдилию ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагию муттаҳидии худро зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит намоянд.
Давлат ва мардуми Тоҷикистон ҷасорату ҷоннисории фарзандони худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд ва номи неки онҳоро ҳамеша пос медоранд.
Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар шароити сулҳу суботи комил ва бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардидани ин ҷашни муқаддас натиҷаи матонату ҳушёрӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқату ватандӯстии кормандони милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии давлати соҳибистиқлоламон мебошад.
Бори дигар ҳамаи кормандони милитсияи тоҷик — муҳофизони тартибу низом, ҳомиёни ҳуқуқ ва посдорони суботу оромиро ба ифтихори ҷашни касбиашон табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ ва дар иҷрои рисолати пуршарафашон муваффақияту комёбӣ орзу менамоям.