Паёми табрикоти Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
04.11.2023 11:53
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми шарифи мо ҳар сол санаи қабул гардидани ин санади муҳими тақдирсозро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд, аз ҷумлаи дастовардҳои бисёр арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба хисоб меравад.
Ҳадафи мо аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асосиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон мебошад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурахшони кишварамон заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷтимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.
Дар асоси Конститутсия таъмин намудани соҳибихтиёрӣ, истиқлолу озодӣ ва тамомияти арзии кишвар вазифаи асосии давлат буда, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоии давлат ҳамчун меъёрҳои пойдору устувори он эътироф гардидаанд.
Дар ин санади бунёдии давлат мақсаду вазифаҳо, асосҳои сохтори давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври возеҳу равшан инъикос шудаанд. Яъне Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад.
Ин санади тақдирсози миллат бо ибтикор ва ташаббуси ваҳдатофаринӣ ва меҳанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заковату иродаи мардуми фарҳангсолор ва тамаддунофари тоҷик қабул гардида, барои амалӣ гардидани орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик чиҳати эъмори бинои муҳташами Истиқлолият ва ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон мусоидат намудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди кишвар буда, риояву эҳтироми муқаррароти он замонати саодату сарбаландии миллат аст.
Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумхурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.
Дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо меҳвари асосии сиёсати давлат эътироф гардида, дар Тоҷикистон заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд, ки ин шаҳодати амалишавии ҳамаҷонибаи принсипи гуногунандешии сиёсӣ ба шумор меравад.
Фаромӯш набояд кард, ки Конститутсия қонуни асосӣ ва шаҳодатномаи миллат ба шумор рафта, маҳз дар асосу партави он зиндагии моддиву маънавии ҷомеа ва фазои мусоиди кору ҳаёти ҳар як сокини кишвар ба танзим медарояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бархӯрдорӣ аз миллат ва ҷавобгӯ будан ба тамоми ниёзҳои ҷомеаи хуқуқбунёди демократӣ дар ҷомеаи чаҳонӣ мавқеи хосаеро касб менамояд.
Дар замоне, ки Тоҷикистон дар ҳолати буҳрони бисёр шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дошт, қабули чунин як санад бо тарзу усул ва мазмуну моҳияти ҷавобгӯ ба талаботи ҷахони муосир, дар баробари дигар омилҳо, барои аз вартаи нобасомониҳо берун кашидани кишвар нақши ҳалкунанда бозид.
Конститутсияи мо, ҳамчунин, ифодагари манфиатҳои олии миллат ва давлат, низоми устувори давлатдорӣ, ҳимояи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, тамомияти арзӣ, волоияти қонун ва фаъолияти бонизоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Дар ин росто якояки Шуморо ба ифтихори ҷашни муқаддасу таърихӣ Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мардуми кишвари азизамон тансиҳативу осоиш ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!