КОНСТИТУТСИЯ БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

02.11.2023 18:06

 
Имрӯз (2. 11. 2023) дар доираи Нақшаи чорабиниҳои бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш ва кор бо занон ва оилаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба таҷлили 29 – умин солгарди таъсисёбии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Конститутсия бахтномаи миллат» дар толори филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор кард шуд.
Конференсия аз ҷониби Маҳмудзода Нусратулло Пулод - мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ гардид.
Дар кори конференсия Шарифзода Наргис Достӣ – муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Ғаниев Рустам Ғафурович – Директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Аминзода Манижабону – мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД – ии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди ноҳия иштирок варзиданд.
Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани конференсияи мазкур ин пеш аз ҳама баланд намудани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром гузоштан ба мақаддасоти Ватан ба ҳисоб меоравад.
Тавре ба мо маълум аст, санаи 6 - уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик, санаи тақдирсози миллат ба ҳисоб рафта, зеро маҳз дар ҳамин сана бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Пеш аз оғози кори Конференсия суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қаттор кормандон, омӯзгорон ва мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо сипосномаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш қадрдонӣ гардиданд.
Илова бар ин, аз ҷониби гурӯҳии эҷодии “M.SIRIUS-U” - и филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.