Баргузории даври ноҳиявии олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва фанҳои табиӣ-риёзӣ миёни хонандагони синфҳои 5-11

02.11.2023 08:20

 
1.11.2023 ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Имрӯз, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 даври ноҳиявии олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва фанҳои табиӣ-риёзӣ миёни хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва литсею гимназияҳои ҳудуди ноҳия оғоз гардид. Дар он муовини Раиси ноҳия Шарифзода Н. Д., директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳия, мудири шуъбаи маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси ноҳия Шарифзода Н. Д иброз доштанд, ки соҳаи маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятнок пазируфта шудааст. Яке аз ҳадафҳое, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст, баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди ҳаракати олимпӣ ва дар ин замина омода намудани кадрҳои боистеъдод барои бозори меҳнати дохилӣ ва байналмилалӣ мебошад. Баргузории олимпиадаҳои фаннӣ барои баланд бардоштани рӯҳия ва масъулияти хонандагон саҳми арзандаи худро расонида, баҳри рушди соҳаи маориф замина фароҳам меорад.