Мавриди истифода қарор дода шудани 7 корхонаи калони саноатӣ бо беш аз 4000 ҷойи корӣ дар шаҳри Душанбе

01.11.2023 09:32

 
Субҳи рӯзи 31 октябр аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар доираи “Солҳои рушди саноат” ва ҷиҳати амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар 7 корхонаи калони саноатӣ бо беш аз 4000 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар оғоз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе”-ро баъд аз азнавсозӣ ифтитоҳ намуданд.