МУЛОҚОТ БО МУРАББИЁНУ ВАРЗИШГАРОНИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
27.10.2023 17:49
27.10.2023 НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 27 октябри соли 2023 Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб бо мураббиёну варзишгарони ҳудуди ноҳия, ки санаи 19 то 27 августи соли ҷорӣ дар чемпионати ҷаҳон аз намуди таэквандо (ВТФ) дар Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд мулоқот намуд.
Ҳангоми мулоқот ба Раиси ноҳия ахборот доданд, ки дар чемпионати мазкур 900 нафар варзишгарон аз 45 давлати дунё иштирок намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро 24 нафар варзишгарон намояндагӣ мекард ва 17 нафар варзишгар аз Тоҷикистони азизамон сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 гардидаанд, аз ин шумора 4 нафар варзишгарон Абдураҳмонов Темурҷон, Аминов Амин, Ашурзода Ҳусноро ва Раҷабзода Сабрина истиқоматкунандагони ноҳияи Исмоили Сомонӣ мебошанд, ки ба хазинаи медалҳои ҷумҳурӣ 2 медали тилло ва 2 медали нуқра ворид намуданд.
Илова бар ин Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб як нафар варзишгари ҳудуди ноҳия Бедимоғов Бахтиёр Додарҷонович, ки аз 4 то 10 сентябр дар 22 – юм Чемпионати ҷаҳон аз намуди таэквандо (ВТФ) дар Ҷумҳурии Финландия иштирок намуда, сазовори ҷойи 2 – юм гардид ба ҳузур пазируфта, ба варзишгарон барои дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва обу рўйю нуфӯзи миллати тоҷик изҳори минатдорӣ намуда, дар фарҷоми мулоқот ба вазишгарони умедбахши ноҳия Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои пулӣ тақдим намуд.