Баргузории иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум

10.10.2023 19:17

 
Имрӯз таҳти раёсати Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия ҳисоботи муовини Раиси ноҳия, Шарифзода Н. Д оид ба рафти иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои солҳои 2022 – 2026», инчунин ҳисоботи мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Кучарзода Ҳ. А оид ба фаъолияти соҳа дар нӯҳ моҳи сипаригардидаи соли 2023 ва ҳисоботи Раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Абдуллозода В. Ғ «Оид ба масъалаҳои аграрӣ, озуқа, ислоҳоти замин, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ» шунида шуд.