Паёми Табрикотии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

04.10.2023 18:12

 
Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд.
Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.
Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла мо - тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ ва омили аслии ҳифзи он мебошад. Забони модарии мо забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад.
Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
Забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист.
Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб мераванд ва дар ин хусус ҳазорон таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шудаанд.
Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд. Солҳои бистуми асри гузашта, яъне дар шароити барои халқи тоҷик ва забони модарии он басо ҳассосу тақдирсоз забони мо расман номи «забони тоҷикӣ» - ро соҳиб шуд ва яке аз далелҳои ҷиддии ташкил ёфтани давлати миллиамон гардид.
Забони тоҷикӣ баёнгари тамоми арзишҳои бузурги маънавии халқи мо буда, тамаддун ва фарҳанги куҳанбунёд, ки мо бо онҳо ифтихор мекунем, то ба имрӯз маҳз ба воситаи забони модариамон ҳифз гардидааст, бо он забони латифу нафисе, ки матнҳои беш аз ҳазору дусад сол қабл навишташудаашро мехонему мефаҳмем, бо он забоне, ки садҳову ҳазорҳо бузургони суханварӣ ин марзу бум эҷод кардаанд ва осори ҷовидонаи худро ба имрӯзиён мерос гузоштаанд.
Забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳои зиёд ба сифати омили ваҳдатсозу муттаҳидкунанда хизмат карда, имрӯз низ ба мардуми мо барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафту ободии Ватани аҷдодӣ илҳому нерӯ мебахшад.
Дар мушкилтарин давраҳои таърихӣ ва дар лаҳзаҳое, ки гузаштагони мо дар вартаи нобудӣ қарор доштанд, забон чун сипари миллат ба майдони набард баромада, мардумро ба иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҳифзи марзу бум фаро хондааст.
Аз ин лиҳоз, барои мо гиромидошти забони миллӣ ва истиқлолу ватанхоҳӣ бо ҳамдигар пайванди зич доранд, ки инро таърихи тоҷикон дар мисоли сиёсати забонии давлати Сомониён собит сохтааст.
Маҳз дар замони сулолаи Сомониён забони тоҷикӣ ба маснади давлатӣ нишаст, ба сифати забони нерӯманди адабӣ ташаккул ёфт ва тавоноиву қудрати он ба ҳадде расид, ки дар асрҳои минбаъда низ мақоми давлативу фарҳангии худро аз даст надод.
Насли калонсол то ҳол дар ёд дорад, ки доираи истифодаи забони тоҷикӣ дар гузаштаи начандон дур хеле маҳдуд шуда буд.
Забони тоҷикӣ имкони ба таври комил иҷро намудани вазифаҳои ҷамъиятии худро надошт ва торафт ба забони хонаводагиву маишӣ табдил меёфт.
Дар тули Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди забони шевои тоҷикӣ хизматҳои бе собиқа кардандаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар арсаи ҷаҳон эътироф менамоянд.
Моро зарур аст, ки забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми худро, ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошта ва ба наслҳои оянда, мерос гузорем.
Бинобар ин, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад.
Забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, мо забонро мисли истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем.
Бо ин ниятҳои нек Рӯзи забони давлатиро самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди Ватандӯст сарбаландиву хонаободӣ ва ба забони давлати соҳибистиқлоли тоҷикон умри ҷовидон орзу менамоям.