БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
30.07.2023 06:34
Санаи 29 июли соли 2023 тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе дар боғӣ фарҳангӣ-фароғатии ба номи С.Айнии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳри Хуҷанд ташкил ва баргузор карда шуд.