МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РӮҲАН НИЗ МУҚТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР АСТ

30.07.2023 06:23

 


Таҳти ин шиор дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат, зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ санаи 23 майи соли 2013 баён гардидааст, ки ҳар рӯзи шанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ "Рӯзи варзиш" эълон карда шуда, дар доираи он кормандони Вазорати рушди иқтисод, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Суди конститутсионӣ, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД БА ҶТ "Амонатбонк" дар якҷоягӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар боғи Аҳмади Дониш машқи пагоҳирузӣ таҳти унвони "МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РӮҲАН НИЗ МУҚТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР АСТ" доир карда шуд.
Дар рафти машқи пагоҳирӯзӣ зиёда аз 70 нафар иштирок намуданд, ки 12 нафари онро бонувон ташкил медиҳанд.