ВОХӮРИИ НАВБАТӢ БО ЗАНОНУ ҶАВОНДУХТАРОНИ ХОНАШИНИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

28.07.2023 14:45

 

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ҷалби бештари занону ҷавондухтарони хонашин ба касбомӯзӣ бо истифода аз шароити мусоиди имрӯза барои ҷалби бештари онҳо ба ҳунарҳои мардӯмӣ, омӯхтани касбу ҳунар ва зиёд намудани теъдоди занону бонувон дар корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ аз ҷониби масъулини бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо занону ҷавондухтарони касбу кори гуногун ва хонашини ноҳия вохӯри доир гардид.
Дар вохурӣ оид ба ҷалби занону бонувони ноҳия ба ҷойи кор дар корхонаи дӯзандагии "Гулдаст" суханронӣ карда шуд, ки корхонаи мазкур то 200 нафар занону бонувони ноҳияро ба кор қабул менамояд.
Инчунин, аз ҷониби масъулин вобаста ба баланд бардоштани ҳувияти миллию маънавӣ ва ҳамбастаги ба сиёсати созандагии кишвар, пешгирии тақлиди фарҳанги бегона ва дигар масъаллаҳои мубрами рӯз ибрози андеша карда шуд.