ХУД ВА НАЗДИКОНАТРО АЗ ҒАРҚШАВӢ ЭҲТИЁТ НАМО
28.07.2023 08:13
Бо мақсади таъмини иҷрои нусха аз Протоколи ҷаласаи назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе аз 22 майи соли 2023, №14 ҷиҳати фаро расидани фасли тобистон оид ба навбатдории доимӣ дар ҳавзи шиноварии хиёбони Ҳофизи Шерозӣ оид ба таъмини бехатарии сокинон хоса наврасону ҷавонон аз ғарқшавӣ имрӯз мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар назди ҳавзи шиноварӣ навбатдорӣ намуда, бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба пешгирии ғарқшавӣ доир намуданд.
Иқдоми мазкур минбаъд низ идома дода мешавад.