ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОР НАМУДАНИ АКСИЯИ ТАРҒИБОТӢ ТАШВИҚОТӢ ТАҲТИ УНВОНИ “МО ЗИДДИ САВДОИ ИНСОНЕМ”
27.07.2023 16:51
Имрӯз бо мақсади иҷрои Қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 1 июни соли 2022, оид ба муқоввимат ба савдои одамон ва нақша чорабиниҳои МД “Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе” аз ҷониби масъулини бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар якҷоягӣ бо масъулини муассисаи болозикр дар марказҳои савдо ва кӯчаву хиёбонҳои ҳудуди ноҳия, аксияи тарғиботӣ-ташвиқотӣ таҳти унвони “Мо зидди савдои инсонем” ташкил ва баргузор карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки бо мақсади мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа нисбат ба вазъи қурбониёни савдои одамон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо бо Қарори Созмони Милали Мутаҳид аз соли 2013 дар саросари ҷаҳон 30 июл Рӯзи умумиҷаҳонии муқоввимат ба савдои одамон эълон карда шудааст.