БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХУРӢ ВА ТАШКИЛИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БО САРБОЗОНУ АФСАРОНИ ҚИСМИ ҲАРБИИ 6593 - И САРРАЁСАТИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТИИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРАФАИ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОНТ - 10 АВГУСТ

27.07.2023 15:43

 

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аз ҷониби масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиш миёни сарбозону афсарони қисми ҳарбии 6593 - и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон - 10 август ва ҷиҳати расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, вобаста ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ, маданияти шаҳрнишинӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, пешгирии фарҳанги бегона, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии падидаҳои номатлуби иртиҷоӣ аз қабили террористиву экстремистӣ, савдои одамон ва ҷинояткориву қонуншиканиҳо миёни сарбозону афсарони қисми ҳарбӣ мулоқоти масъулон доир гардид.
Дар баргузории мулоқот Маҳмудзода Нусратулло - мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва муовини командири қисми ҳарбӣ Миров С. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот миёни сарбозону афсарон мусобиқаҳои варзишӣ аз қабилӣ дастхобонӣ, волейбол, шоҳмоту шашка ва вазнбардорӣ ташкил карда шуд.
Ҳамзамон, баъд аз ҷамъбасти мусобиқаҳо ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии таъсисдодаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.