БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХУРӢ ВА ТАШКИЛИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БО САРБОЗОНУ АФСАРОНИ ДОНИШКАДАИ ОЛИИ САРҲАДИИ КДАМ ҶТ ДАР АРАФАИ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОНТ - 10 АВГУСТ
27.07.2023 08:11
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аз ҷониби масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиш миёни сарбозону афсарон ва курсантони Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ ҶТ дар арафаи таҷлили Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон - 10 август ба расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, вобаста ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ, маданияти шаҳрнишинӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, пешгирии фарҳанги бегона, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии падидаҳои номатлуби иртиҷоӣ аз қабили террористиву экстремистӣ, савдои одамон ва ҷинояткориву қонуншиканиҳо миёни сарбозону афсарони Донишкада мулоқоти масъулон доир гардид.
Дар баргузории мулоқот Воҳидов Сомирӣ, Аҳмадзода Шоҳрух кормандони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва масъулини донишкада иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот миёни сарбозону афсарон мусобиқаҳои варзишӣ аз қабилӣ дастхобонӣ, волейбол, шоҳмоту шашка ва вазнбардорӣ ташкил карда шуд.
Ҳамзамон, баъд аз ҷамъбасти мусобиқаҳо ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии таъсисдодаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.