ДАВРИ АВВАЛИ ФЕСТИВАЛ – ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ЭҶОДИЁТИ ХАЛҚ «АНДАЛЕБ – 2023» ДАР НОҲИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД.
26.07.2023 17:06
Санаи 25 июли соли 2023, бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318, оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, дар толори Муассисаи давлатии маркази кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб – 2023» доир гардид.
Мақсад аз баргузории фестивал – озмун, намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши ансамблу гурўҳҳои эҷодӣ дар раванди тарбияи ҷавонон ва наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави санъаткорон буда, аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ таввасути Фестивал – озмун комёбиҳои фарҳангу ҳунари ҳар як минтақаи кишварро бо тобишҳои рангини он манзури тамошобинон мегардонанд.
Ҳунармандони ноҳия, дар фестивал – озмун аз рўи 12 шарт яъне,
1. Намоиши ҳунарҳои бадеии халқии «Бозори ҳунар»;
2. Суруди ҳамсароёни бисёровоза (хор) бо истифода аз созҳои мусиқӣ ё аккопела то 5 дақиқа;
3. Навозиши умумӣ бо созҳои миллии мусиқӣ то 4 дақиқа;
4. Намоиши либосҳои ммиллӣ бо иловаи навгониҳо, то 10 дақиқа;
5. Рақси якка дар иқрои зан ё мард, то 3 дақиқа;
6. Суруди якка, то 4 дақиқа;
7. Навозиши якка (истифодаи созҳои нодири миллӣ – қонун, сато, уд, қўшнай, меҳтар, думбра, ғижаки кўҳистонӣ, тутак), то 5 дақиқа;
8. Намоиши порча аз ҷашну анъанаҳои мардумӣ, то 10 дақиқа;
9. Бадеҳа, лапар ё дуэт, то 5 дақиқа;
10. Суруди анъанавӣ: шашмақом, фалак, лалаик, гўрўғлӣ, нақш, мавригӣ, даргилик ва ғайра, то 5 дақиқа;
11. Бахши ҳаҷвӣ: саҳнача, суруд, аксия, монолог, то 7 дақиқа;
12. Сюитаи вокалӣ – хореографӣ, маҳорати худро манзури тамошо бинон ва ҳайати ҳакамон намуданд.