БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХУРӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ САҲБО
26.07.2023 11:13
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо Раёсати КДАМ ҶТ, Раёсати ВКД, Сарраёсати маориф, Раёсати тандурустӣ ва Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, вобаста ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, маданияти шаҳрнишинӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули тарзи ҳаёти солим, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, пешгирии фарҳанги бегона, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии падидаҳои номатлуби иртиҷоӣ аз қабили террористиву экстремистӣ, савдои одамон ва ҷинояткориву қонуншиканиҳо миёни сокинон хоса ҷавонон маҳаллаи Саҳбо мулоқоти масъулон доир гардид.
Дар баргузории мулоқот Маҳмудзода Нусратулло - мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Қурбонов Нуриддин - муовини Комиссари ҳарбӣ, Сангинов Навруз - мудири бахши фарҳанг, Воисов Азамат - намояндаи ШВКД, раис ва эмомхатиби маҳалла иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти мулоқот сокинони маҳалла вобаста ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат, хосатан дастгириву таваҷҷӯҳи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори миннатдорӣ намуда, пешниҳодҳои мушаххас намуда, ба саволҳои хеш посухҳои қаноатманд гирифтанд.