БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР ТОЛОРИ ВАРЗИШИИ "PRO FIT" - И НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

25.07.2023 12:57

 

Дар асоси Нақшаи тасдиқ намудаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии “Маркази санитарию эпидимиологӣ” дар шаҳри Душанбе гуруҳи корӣ ҷиҳати мавриди омӯзиш қарор додани фаъолияти Клубу толорҳои варзишии хусусию давлатӣ бо мақсади риояи талаботи оинномавӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонону варзишгарон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳолати санитарию гигиенӣ дар клуби варзишии Pro Fit бо иштироки намояндагон аз Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии “Маркази санитарию эпидимиологӣ” дар шаҳри Душанбе ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ рейди муштарак таъсис дода шуд.